Идомаи ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои дохилии давлатҳои иштирокчии ИДМ дар шаҳри Душанбе
Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои дохилии давлатҳои иштирокчии ИДМ, ки дар Муассисаи давлатии «Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид, вазирони корҳои дохилии Ҷумҳурии Озарбойҷон генерал-полковник Эйвазов Вилаят Сулейман оғлу, Ҷумҳурии Беларус генерал-лейтенанти милитсия Кубраков Иван Владимирович, Ҷумҳурии Қазоқистон генерал-лейтенанти политсия Саденов Ержан Сапарбекович, Ҷумҳурии Қирғизистон генерал-полковники милитсия Ниязбеков Улан Омоканович, генерали политсия Федератсияи Россия Колоколсев Владимир Александрович, вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон генерал-лейтенант Ташпулатов Азиз Анварович, вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, муовини вазири Ҷумҳурии Арманистон генерал-майор Цуцулян Камо Коляевич, муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Туркманистон подполковники милитсия Какалиев Овезгелди Гурбанбердиевич, Директори Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар намуди ҷиноятҳои хавфнок дар ҳудуди ИДМ (БКБОП) генерал-лейтенанти политсия Коновалов Олег Фёдорович, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Сейтимов Нурлан Мусатаевич, Роҳбари Маркази зиддитеррористии ИДМ генерал-полковник Сисоев Евгений Сергеевич ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.
Дар ин ҳамоиш иштирокчиёни ҷаласа вобаста ба тақвият бахшидан ба чорабиниҳои муштараки воҳидҳои вазоратҳои корҳои дохилии давлатҳои аъзои ИДМ оид ба мубориза бо ҷиноятҳои киберӣ, табодули таҷрибаи ҳамдигар дар ин самт, инчунин масъалаҳои такмили ҷустуҷӯи байнидавлатии шахсони дар ҷустуҷӯйи расмӣ қарордошта ва истифодаи амалҳои тафтишотии фосилавиро муҳокима намуданд.
Зимни табодули афкор ҷонибҳо доир ба рушди минбаъдаи ҳамкории вазоратҳои корҳои дохилии давлатҳои аъзои ИДМ дар самти мубориза бо ҷинояткории фаромиллӣ, муқовимат ба ҷиноятҳои киберӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ андешаронӣ намуданд.
Дар ҷаласа роҳбарони аввали вазоратҳои корҳои дохилӣ ҷиҳати ҳамкории амалии мақомоти корҳои дохилӣ, баланд бардоштани самаранокии мубодилаи иттилоот ва ҳамоҳангсозии тадбирҳои муштарак дар самти муқовимат ба ҷинояткорӣ қарорҳои дахлдор қабул намуданд.
Дар идома аз ҷониби вазирони корҳои дохилии давлатҳои иштирокчии ИДМ вобаста ба 14 масъалаи баррасишуда, протокол ба имзо расонида шуд.
Инчунин бо Фармони раиси Шӯрои вазирони корҳои дохилии давлатҳои иштирокчии ИДМ - вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Точикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои ИДМ, инчунин роҳбарони Кумитаи иҷроияи ИДМ ва Бюро оид ба ҳамоҳангсозии мубориза бо ҷинояткории муташаккил ва дигар намудҳои ҷиноятҳои хавфнок дар қаламрави давлатҳои аъзои ИДМ бо медали ҷашнии “30-солагии таъсисёбии Шӯрои вазирони корҳои дохилии давлатҳои иштирокчии ИДМ” қадрдонӣ карда шуданд.
Дар қисмати хотимавии чорабинӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид, ки дар он вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои ИДМ оид ба масъалаҳои баррасишуда ва натиҷаҳои судманди бадастомада суханронӣ намуда, ба саволҳои рӯзноманигорон посухҳои мушаххас доданд.
























