ОҒОЗИ ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ДОХИЛИИ ДАВЛАТҲОИ ИШТИРОКЧИИ ИДМ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ
1-уми октябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои дохилии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
Ҷаласаро Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро оғоз бахшида, нахуст меҳмононро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрумақдам намуд. Изҳор гардид, ки ҷаласаи имрӯза хусусияти ҷашнӣ дошта, ба 30-солагии таъсисёбии Шӯрои вазирони корҳои дохилии иштирокчии ИДМ рост меояд.
Дар кори ҷаласа роҳбарон ва намояндагони вазоратҳои корҳои дохилии давлатҳои аъзои ИДМ, инчунин роҳбарони Кумитаи иҷроияи ИДМ ва Бюро оид ба ҳамоҳангсозии мубориза бо ҷинояткории муташаккил ва дигар намудҳои ҷиноятҳои хавфнок дар қаламрави давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуданд.
Зимни ҷаласа масъалаҳои рушди ҳамкории мақомоти корҳои дохилии давлатҳои аъзои ИДМ дар самти таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амният, муқовимат ба ҷинояткорӣ ва такмили ҳамкории байнидавлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар доираи ҷаласа доир ба самтҳои афзалиятноки ҳамкории вазоратҳои корҳои дохилӣ ва татбиқи барномаҳои байнидавлатӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ табодули афкор сурат гирифт. Иштирокдорон дурнамои ҳамкорӣ дар самти мубодилаи электронии иттилоотро баррасӣ намуданд.
Ҳамзамон, ба масъалаи такмили ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба шаклҳои муосири ҷинояткорӣ, аз ҷумла истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ бо мақсади пешгирии гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, терроризму экстремизм, амнияти иттилоотӣ, инчунин пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба ташкилоту гуруҳҳои ҷиноятӣ ва пешгирии ҷалбу мағзшуии ин қишри ҷомеа тавассути шабакаҳои интернетӣ таваҷҷуҳи хоса дода шуд.
Ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои дохилии давлатҳои иштирокчии ИДМ идома дошта, аз натиҷаи он иловатан хабар медиҳем.





















