Пешсудшуда боз ба ҷиноят даст зад
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки шаҳрванд Абдуллозода Муслим соли таваллудаш 2003, сокини шаҳри Исфара, ҷамоати шаҳраки Шӯроб, қаблан бо моддаи 237 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, боз 27-уми сентябри соли 2026, соати 01:30 дақиқа, бо Яқубова М., соли таваллудаш 1996, сокини шаҳри Исфара муноқиша намуда, ӯро мавриди лату кӯб қарор додааст.
Оид ба ҳолати мазкур нисбати Абдуллозода М. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 117 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.















