Дуздии 30 сар чорво
Ба ШВКД дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо ариза Ҳасанов Меҳрубон сокини ҷамоати деҳоти Саричашма, деҳаи Одинабой муроҷиат намуд, ки 26-уми сентябри соли 2026, тахминан соати 22:00, шахсони номаълум аз доманакӯҳҳои деҳаи Зардолуваки ҷамоати деҳоти Теҳрайи ноҳияи мазкур, ба таври пинҳонӣ 30 сар бузу гӯсфанди ба ӯ тааллуқдоштаро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 90 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро Муродов Тоҷиддин соли таваллудаш 1982, сокини ҷамоати деҳоти Доғистони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин содир намудааст.
Аз рӯйи ҳолати мазкур тафтишот ба роҳ монда шудааст.
















