Авбошӣ
28-уми сентябри соли 2026, тахминан соати 22:00, дар кӯчаи 25-солагии Истиқлолияти шаҳри Роғун Ҳақдодзода Зиёвуддин соли таваллудаш 2000, донишҷӯи бахши 3-юми Коллеҷи тиббии шаҳри Роғун бо Кабиров Баҳром соли таваллудаш 2005, донишҷӯи бахши 1-уми ҳамин муассисаи таълимӣ муноқиша намуда, бо олоти буррандаю халанда ду маротиба ба рони пои чап ва рости Кабиров Баҳром зарба задааст.
Дар натиҷа, Кабиров Баҳром ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Оид ба ҳолати мазкур тафтишот идома дорад.
















