Чорабинии шиносномасупорӣ дар «Боғи Рӯдакӣ»
Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси роҳбарияти Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД барои 40 нафар хонандагони синфҳои болоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон омода карда шуда, дар фазои тантанавӣ супорида шуд. Ҷамъомади тантанавии шиносномасупорӣ дар «Боғи Рӯдакӣ» доир гардида, хонандагони муассисаи таҳсилотии мазкур шиносномаҳои худро аз дасти роҳбарияти Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ва ХШБ ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ гирифтанд. Дар чорабинии тантанавӣ сардори ХШБ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Ҷомӣ Мирзозода хонандагонро ба ифтихори таҷлили ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд. Дар идома, хонандагон бо масъулини ХШБ ВКД расми хотиравӣ гирифтанд.



















