Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо намояндаи Британияи Кабир

28-уми сентябри соли 2026 муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо бо муовини вазири мудофиаи (вазири давлатӣ) Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ лорд Вернон Коакер мулоқот доир намуд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар самти таъмини амният ва муқовимат ба таҳдидҳои муосирро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар рафти вохӯрӣ оид ба пешгирии ҷинояткорӣ, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, муқовимат бо гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, инчунин пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳои киберӣ ва ҷинояткории фаромиллӣ табодули афкор сурат гирифт.
Дар идома, ҷонибҳо омодагии худро барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои судманд ва густариши муносибатҳои дуҷониба дар самтҳои зикршуда таъкид карданд.

28.09.2026 13:51
97