Ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани воситаи нақлиёт
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе шаҳрвандон Саидов Ғайрат соли таваллудаш 1995 ва Алифзода Фаридун соли таваллудаш 1992, сокинони ноҳияи Ҳамадонӣ дастгир карда шуданд.
Муайян карда шуд, ки номбурдагон 27 сентябри соли 2026, тахминан соати 01:00, дар кӯчаи Крупскаяи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, дар ҳолати мастӣ шаҳрванд Иззатов А.А-ро, ки бо автомашинаи шахсии тамғаи «Мерседес-Бенс» ба мусофиркашонӣ машғул буд, дашномҳои қабеҳ дода, бо мушт ба рӯяш задаанд ва бо истифодаи зӯроварӣ автомашинаи мазкурро ғайриқонунӣ ронда, ба самти номаълум бурдаанд.
Оид ба ҳолати мазкур санҷиш идома дорад.
















