Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дуздӣ аз мағозаи хӯрокворӣ

Кормандони ШВКД дар ноҳияи Спитамен дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Турсунов Аслиддин Абдуҷабборович, соли таваллудаш 2005, сокини ҷамоати шаҳраки Навкати ноҳияи мазкурро, ки қаблан барои содир кардани ҷинояти дуздӣ маҳбасӣ шудааст, боз бо ҳамин ҷурм дастгир намуданд.
Гумонбар 4 сентябри соли 2026, тахминан соати 23:30 дақиқа, аз мағозаи хӯроквории «Мустафо», воқеъ дар ҷамоати деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен, ки ба шаҳрванд Ҳайдаралиева З.Э., тааллуқ дорад, маблағи 7 ҳазору 200 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Нисбат ба Турсунов А.А. бо қисми 2-и моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

28.09.2026 10:46
43