Боздиди Вазири корҳои дохилӣ аз қисми ҳарбии 3504
Нимаи дуюми рӯзи 26-уми сентябри соли 2026 Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз шароити хизмату будубоши ҳайати шахсии қисми ҳарбии 3504-и Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ боздид ба амал овард.
Зимни боздид Вазири корҳои дохилӣ бо вазъи омодагии ҳайати шахсӣ шинос шуда, бо сарбозону афсарони қисми ҳарбӣ суҳбати самимӣ анҷом дод.
Дар ҷараёни суҳбат генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба сарбозон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониш ва ҷаҳонбинӣ, бештар мутолиа намудани асарҳои бадеӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва пайваста машғул шудан ба обутоби бадан тавсияҳои муфид дод.
Таъкид гардид, ки мутолиаи китоб, забономӯзӣ ва машғул шудан ба варзиш дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, баланд бардоштани маърифати хизматчиёни ҳарбӣ ва таҳкими рӯҳияи ватандӯстиву масъулиятшиносии онҳо нақши муҳим дорад.
Инчунин, ҷиҳати риояи қатъии интизоми ҳарбӣ, масъулиятшиносӣ ва содиқона иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ ба афсарону сарбозон дастуру тавсияҳои мушаххас дода шуд.




















