Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Садамаи нақлиётӣ боиси ҳалокати ронанда гардид

21-уми сентябри соли 2026, тахминан соати 20:30, дар километри 49-50-уми шоҳроҳи Душанбе–Турсунзода, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Қаратоғ, ронандаи автомашинаи тамғаи «Toyota Camry», рақами қайди давлатиаш 00-02 MG/03, Ҳусейнзода Беҳруз Исроил, соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Турсунзода аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба оҳанҳои муҳофизатии канори рости роҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷаи садама ронандаи автомашина ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода интиқол додан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ҳолати мазкур таҳқиқ идома дорад.

23.09.2026 11:19
53