Ошкор гардидани ҷинояти дуздӣ
Ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода бо ариза сокини маҳаллаи 2-юми шаҳри мазкур Маматқулов Абдукарим муроҷиат намудааст, ки 6 сентябри соли 2026, тахминан соати 09:00, шахсони номаълум аз назди бозори марказии шаҳри Турсунзода бо роҳи пинҳонӣ як адад сечархаи барқии тамғаи «Азия»-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Маблағи зарари расонидашуда 16 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки дар содир намудани ҷинояти мазкур ноболиғ М.С., соли таваллудаш 2010 ва Абдумурадов Азизбек соли таваллудаш 2005, сокинони шаҳри Турсунзода гумонбар мебошанд.
Оид ба ҳолати мазкур тафтишот идома дорад.
















