Садамаи нақлиётии марговар
15 сентябри соли 2026, тахминан соати 04:30, дар километри 279-уми шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов садамаи нақлиётии марговар ба қайд гирифта шуд.
Ронандаи автомашинаи тамғаи «Лексус», рақами қайди давлатиаш 00-04 LK/02, Турғунов Ҳикматулло Ҳибибуллоевич соли таваллудаш 1975, сокини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Комбо», рақами қайди давлатиаш 10-14 MV/02, ки таҳти идораи Ҷӯраев Баҳодурхон Мухторхонович, соли таваллудаш 1973, сокини шаҳри Хуҷанд қарор дошт, бархӯрдааст.
Дар натиҷа мусофири автомашинаи «Лексус» Норимов Исоҷон Турғунович, соли таваллудаш 1958, сокини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз ҷароҳатҳои ҷисмонии бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ҳолати мазкур таҳқиқ ба роҳ монда шудааст.
















