Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пешсудшуда боз ба дуздӣ даст зад

Ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб шаҳрвандон Рамишов Солеҳҷон ва Раҳматуллоев Фирдавсшоҳ муроҷиат намудаанд, ки шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ва шикастани шишаи автомашинаҳои онҳо аз дохили воситаҳои нақлиёт маблағи пулӣ ва дигар ашёи қиматбаҳоро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд ва ба ҷабрдидагон зарари моддӣ расонидаанд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар ду ҳолати содир кардани ҷинояти дуздӣ шаҳрванд Тешаев Амирҷон Маҳмадназарович, соли таваллудаш 2003, сокини шаҳри Кӯлоб, ки қаблан 4 маротиба бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, дастгир карда шуд. 
Тафтишот  дар ин самт идома дорад.

15.09.2026 10:31
53