Ошкор гардидани ҷинояти дуздӣ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур шаҳрванд Каримов Ҷаҳонгир соли таваллудаш 1998, сокини ноҳияи Восеъ бо гумони содир кардани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда гарчанде соли 2020 бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, вале хулосаи зарурӣ набароварда, боз санаи 6 августи соли 2026, тахминан соати 04:00 дақиқа, аз дохили автомашинаи боркаши тамғаи «Дулан», рақами қайди давлатиаш 80-80 УН/08, ки дар кӯчаи Дӯстии халқҳо беназорат меистод ва ба шаҳрванд Бузургмеҳри Сайдализода тааллуқ дорад, 5 ҳазор сомониро бо роҳи пинҳонӣ дуздидааст.
Айни замон аз рӯи ҳолати мазкур тафтишот идома дошта, ҳолатҳои дигари эҳтимолии содир намудани ҷиноят аз ҷониби номбурда мавриди санҷиш қарор доранд.















