Ноболиғ бо гумони ғоратгарӣ боздошт гардид
Ба ШВКД дар шаҳри Бохтар шаҳрванд Маҳмадсаиди Саидмумин соли таваллудаш 2005, сокини ноҳияи Данғара, ҷамоати деҳоти Сангтуда муроҷиат намуд, ки санаи 7 сентябри соли 2026, тахминан соати 10:30 дақиқа, шахси номаълум дар назди Боғи фарҳангию фароғатии «70-солагии Водии Вахш»-и шаҳри Бохтар бо роҳи зӯроварӣ телефони мобилии тамғаи «Infinix Note 30»-и ӯро, ки арзишаш 900 сомонӣ мебошад ва дар ҳамёни электрониаш 4 ҳазору 600 сомонӣ мавҷуд будааст, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ноболиғ С.А., соли таваллудаш 2009, сокини шаҳри Бохтар, содир намудааст.
Ҳамчунин муайян гардид, ки номбурда санаи 11 сентябри соли 2026, тахминан соати 22:34 дақиқа, дар боғи ба номи «Мурчаев»-и шаҳри Бохтар телефони мобилии тамғаи «Infinix Note 30»-и шаҳрванд Валиев Парвиз соли таваллудаш 2008, сокини ноҳияи Қубодиёнро бо роҳи зӯроварӣ тасарруф намудааст.
Аз рӯи ҳолатҳои мазкур тафтишот идома дорад.
















