Садамаи нақлиётии марговар
13 сентябри соли 2026, тахминан соати 16:40, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Сантафе», шаҳрванд Хидиров Ашурмаҳмад Холбобоевич, соли таваллудаш 1968, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти ноҳияи Данғара, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Лоҳур, деҳаи Сафедсанги ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, бо автомашинаи тамғаи «Дулан», таҳти идораи шаҳрванд Асоев Рамазон, бархӯрдааст.
Дар натиҷаи садама ронандаи «Хундай-Сантафе» Хидиров А.Х. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба сабабу ҳолатҳои рух додани садама таҳқиқ идома дорад.















