Қасдан оташ задани автомашина пас аз садама
Дар натиҷаи доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Вахш шаҳрванд Зарипов Исмоил, соли таваллудаш 2008, бо гумони қасдан несту нобуд кардани молу мулк дастгир карда шуд.
Номбурда 12 сентябри соли 2026, тахминан соати 22:00, бидуни доштани ҳуҷҷати ронандагӣ автомашинаи тамғаи «БМВ»-ро, ки ба рафиқаш Сафарзода Сино тааллуқ дорад, ғайриқонунӣ идора намуда, ҳангоми ҳаракат ба самти ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистони ноҳияи мазкур ба автомашинаи тамғаи «Хундай Портер», ки ба шаҳрванд Муродов Илҳомҷон тааллуқ дорад, бархӯрдааст.
Зарипов И., бо мақсади аз дигарон пинҳон намудани ҳодисаи мазкур автомашинаи «БМВ»-ро дар ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ, деҳаи Дӯстии ноҳияи Вахш қасдан оташ зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур тафтишот идома дорад.

















