Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дуздии чорво аз ҷониби пешсудшуда

Шаҳрванд Саримсоқов Мансурҷон соли таваллудаш 2001, ки соли 2023 бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, боз бо гумони содир кардани ҷинояти дуздӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар шаҳри Панҷакент дастгир гардид.
Номбурда 21 июли соли 2026, тахминан соати 14:00, бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои саҳроии шаҳрванд Ваҳобова Ф, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Ҳ. Ҳасани шаҳри Панҷакент, як сар говро, ки арзишаш 20 ҳазор сомонӣ мебошад, дуздидааст.
Далели шайъӣ аз ҷониби кормандони милитсия дарёфт карда гирифта шуд.
Нисбати Саримсоқов М., парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

14.09.2026 10:01
36