Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор гардидани ҷинояти дуздӣ

Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино шаҳрванд Назарзода Шоҳрух соли таваллудаш 2003 бо гумони содир кардани ҷинояти дуздӣ дастгир гардид.
Номбурда 13 сентябр, тахминан соати 03:10, қулфи дари дорухонаи «М», воқеъ дар кӯчаи Испечакро шикаста, аз дохили он 10 ҳазор сомонӣ маблағро ғайриқонунӣ гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳамчунин, муайян гардид, ки 13 сентябр, тахминан соати 11:30, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба манзили иҷоравии шаҳрванд Самиева Г., воқеъ дар шаҳри Бохтар, кӯчаи Сино, ворид шуда, 15 ҳазору 120 сомонӣ маблағро дуздидаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро шаҳрванд Шарипов Фаррух, соли таваллудаш 2008 содир намудааст. Номбурда қаблан низ бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст.
Оид ба ҳолатҳои мазкур чораҳои дахлдори қонунӣ андешида мешавад.

14.09.2026 9:50
41