Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Садамаи дучархаи «Скутер» боиси марги ноболиғ шуд 

10 сентябри соли 2026, тахминан соати 19:55 ноболиғ Мирзода Ромиш соли таваллудаш 2010, хонандаи синфи 10-уми МТМУ №25, деҳаи Роғи ноҳияи Мастчоҳ, бо дучархаи тамғаи «Скутер» аз бошишгоҳи саҳроӣ ба самти хона тавассути роҳи мошингард ҳаракат карда, аз уҳдаи идораи дучарха набаромада, ба садама дучор гардидааст. Дар натиҷа, ноболиғ Мирзода Р.С. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса санҷиш идома дорад.
Вазорати корҳои дохилӣ аз падару модарон ва шахсони масъул эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки ба масъалаи бехатарии фарзандони ноболиғи худ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, ба онҳо идораи электорскутерҳоро дар роҳҳои мошингард иҷозат надиҳанд.
Риояи қоидаҳои бехатарӣ метавонад ҷони фарзандони шуморо аз хатар эмин нигоҳ дорад.

12.09.2026 10:10
77