Ошкор гардидани ҷинояти ғоратгарӣ
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Ташрифзода Шарифҷон соли таваллудаш 2008, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Н. Ганҷавӣ, ки қаблан бо моддаи 248 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст ва як нафар ноблиғ сокини ноҳияи Восеъ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир гардиданд.
Боздоштгардидагон 1 сентябри соли 2026, тахминан соати 03:00, дар кӯчаи А. Қаҳҳорови шаҳри Душанбе, шаҳрванд Гулов К., сокини шаҳри Душанберо мавриди лату кӯб қарор дода, бо роҳи зӯроварӣ телефони мобилии ӯро, ки арзишаш 3 000 сомонӣ мебошад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Вобаста ба ҳолати мазкур тафтишот идома дорад.
















