Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории конференсия дар шаҳри Лянюнгани  Ҷумҳурии Мардумии Чин

10-уми сентябри соли 2026 дар идомаи чорабиниҳои муҳими байналмилалӣ дар шаҳри Лянюнгани Ҷумҳурии Мардумии Чин бо ташаббуси Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Конференсияи "Иттиҳоди байналмилалии мубориза зидди қаллобии телекоммуникатсионӣ ва мобилӣ" баргузор гардид.
Дар конференсия оид ба вазъияти кунунии ҷаҳон ва таҳдидҳои муосир дар самти терроризму экстремизм, ҷиноятҳои кибери хусусан қаллобии интернетӣ ибрози андеша карда шуд.
Дар ҳамоиш роҳбарони вазоратҳои марбутаи чумҳурихои Покистон, Кения, Ветнам, Камбоҷа, Муовини Прокурори генералии Федератсияи Русия, Котиби генералии Созмони байналмилалии полис — ИНТЕРПОЛ, муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Машрабзода Ҷамшед Хол ва дигар шахсони масъул иштирок намудаанд.
Иштирокчиён зимни музокирот таъкид намуданд, ки таҳкими ҳамкории муштарак дар самти пешгирӣ, ошкор ва муқовимат ба ҷиноятҳои қаллобии телекоммуникатсионӣ метавонад ба натиҷаҳои назаррас мусоидат намояд. 
Ҳамчунин,  аз ҷониби Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин намоиши таҷҳизот ва техникаҳои махсуси замонавӣ баргузор карда шуд.
Зимни боздид аз ҷониби ташкилкунандагон оид ба имкониятҳои истифодаи техникаву таҷҳизоти дорои зеҳни сунъӣ дар самти таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, мониторинги оммавӣ ва намоиши амалӣ пешниҳод карда шуд.

11.09.2026 11:33
71