Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ

10 сентябри соли 2026, тахминан соати 15:00, дар ҳудуди кӯҳҳои ҷамоати деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат, сокинони ҷамоати мазкур Раҷабов Умаралӣ соли таваллудаш 1988 ва Саидзода Мирзошариф соли таваллудаш 1990, ҳангоми машғул шудан ба молбонӣ байни ҳамдигар муноқиша намудаанд.
Зимни муноқиша Раҷабов У. бо корди хоҷагидории дар дасташ буда, як маротиба ба шиками Саидзода М. зарба задааст, ки дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз тарафи ШВКД шаҳри Ваҳдат гумонбар дарҳол боздошт гардида, оид ба ҳолати мазкур тафтишот идома дорад.

11.09.2026 11:17
55