Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоти вазири корҳои дохилӣ бо ҳамватанони бурунмарзӣ

10 сентябри соли 2026 дар Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо иштироки Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва роҳбарияти мақомоти милитсияи пойтахт, бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамватанони бурунмарзӣ мулоқоти судманд баргузор гардид.
Қобили зикр аст, ки ҳамватанони бурунмарзӣ чанд рӯз қабл ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, дар тантанаҳои ҷашнӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба ин санаи муҳими таърихӣ иштирок намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот Вазири корҳои дохилӣ оид ба вазъи мураккабу пурпечутоби солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, нақши созандаву таърихии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар роҳи расидан ба сулҳу субот ва таҳкими истиқлоли комили сиёсию давлатӣ, инчунин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ суханронӣ намуд.
Ҳамватанони бурунмарзӣ низ дар мулоқот суханронӣ намуда, барои таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти давлат нисбат ба онҳо изҳори сипос карданд.
Таъкид гардид, ки бо дарки масъулияти шаҳрвандӣ онҳо омодаанд дар ободонӣ, рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва муаррифии дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол дар хориҷи кишвар саҳми худро гузоранд.
Мулоқот дар фазои эҳтироми самимӣ баргузор гардида, оид ба таҳкими ҳамкориҳо ва густариши робитаҳо мубодилаи афкор сурат гирифт.

10.09.2026 12:27
163