Ошкор гардидани ҷинояти дуздӣ
Ба ШВКД дар ноҳияи Файзобод шаҳрванд Ҳакимзода А., истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Ҷавонони ноҳияи мазкур бо ариза муроҷиат кард, ки санаи 24-уми август ва 28-уми августи соли 2026 шахсони номаълум дар ду марҳила бо роҳи пинҳонӣ аз дохили оғилхонаи хоҷагиаш 2-сар гӯсфандро дуздида, ба ӯ ба маблағи 6000-сомонӣ зарар расонидаанд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони ШВКД дар ноҳияи Файзобод муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро шаҳрванд Муминзода Сироҷиддин Мирзошариф соли таваллудаш 2007 сокини ноҳияи мазкур содир намудааст.
Оиди ҳолати мазкур тафтишот идома дорад.














