ДАСТАИ ШУРОИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ДИНАМО"-И ВКД ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ САЗОВОРИ ҶОЙИ СЕЮМ ГАРДИД
Дар шаҳри Ижевски Федератсияи Россия мусобиқаи байналмилалӣ оид ба футболи хурд миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
Дар мусобиқа дастаҳои варзишии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи як қатор кишварҳои узви ИДМ иштирок намуда, маҳорати касбӣ ва омодагии баланди варзишии худро нишон доданд.
Дастаи Шурои ҷумҳуриявии "Динамо"-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин мусобиқа фаъолона иштирок намуда, бо нишон додани маҳорати баланди варзишӣ ва муборизаи қавӣ дар сабқатҳо сазовори ҷойи сеюм гардид.
Ин дастоварди варзишӣ барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ боиси ифтихор буда, аз сатҳи баланди омодагии ҷисмонӣ ва варзишии кормандони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.




















