Тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти муқовимат ба терроризм ва экстремизм
8-уми сентябри соли 2026 дар шаҳри Лянюнгани Ҷумҳурии Мардумии Чин конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони «Ҳамкорӣ дар самти мубориза бо терроризм ва экстремизм» баргузор гардид, ки дар он муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Машрабзода Ҷамшед Хол иштирок намуд.
Дар конференсия зиёда аз 144 нафар намоянда аз давлатҳои гуногун, роҳбарон ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу сохторҳои дахлдор, инчунин коршиносони байналмилалӣ иштирок намуданд.
Зимни баргузории конфронс масъалаҳои мубрами мубориза ва пешгирии терроризм ва экстремизм, таҳдиду хатарҳои нави амниятӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ, таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва байнидавлатӣ, инчунин мубодилаи таҷриба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид карда шуд, ки терроризм ва экстремизм хусусияти фаромиллӣ дошта, ба амнияти давлатҳо ва ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдиди ҷиддӣ эҷод намуда, муқовимат ба он тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ ва андешидани тадбирҳои муштаракро тақозо менамояд.
Иштирокчиёни конференсия зарурати таҳия ва татбиқи усулҳои муосири рақамӣ ҷиҳати ошкор, пешгирӣ ва муқовимат ба ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта, инчунин тақвияти ҳамкории мақомоти дахлдори давлатҳоро таъкид намуданд.
Дар анҷом иброз карда шуд, ки ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳо, мубодилаи таҷриба ва иттилооти дахлдор аз омилҳои муҳими таъмини амнияти минтақа ва пешгирии ҷиноятҳои фаромиллӣ ба ҳисоб меравад.


















