Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамватанони бурунмарзӣ аз Академияи ВКД боздид намуданд

7-уми сентябр ҳамватанони бурунмарзӣ, ки ба хотири иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ватан ташриф овардаанд, аз Академияи Вазорати корҳои дохилӣ боздид намуданд.
Меҳмонон зимни боздид бо шароити таҳсилу таълим ва имкониятҳои фароҳамовардашуда барои курсантон шинос шуданд. Таъкид гардид, ки бино ва иншооти Академияи ВКД бо дарназардошти талаботи замони муосир бунёд гардида, барои омода намудани мутахассисони баландихтисоси мақомоти корҳои дохилӣ шароити заруриро фароҳам меорад.
Курсантон барои ҳамватанони бурунмарзӣ машқҳои тактикиро бо истифода аз силоҳи таълимӣ намоиш доданд. Намоиши маҳорати касбӣ ва омодагии ҷисмониву тактикии курсантон аз ҷониби ҳамватанон бо таваҷҷуҳ пазируфта шуд.
Ҳамчунин, меҳмонон аз китобхона, толори маҷлис ва дигар иншооти таълимию хизматии Академияи ВКД дидан намуда, бо фаъолияти муассиса ва имкониятҳои мавҷудаи он аз наздик шинос шуданд.
Боздиди ҳамватанони бурунмарзӣ аз Академияи ВКД дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сурат гирифта, имкон фароҳам овард, ки меҳмонон аз шароити муосири таълим ва раванди омодасозии кадрҳои касбӣ барои мақомоти корҳои дохилӣ аз наздик шинос шаванд.

07.09.2026 19:58
61