Вохӯрии вазирони корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии кишварҳои доираи «Чин + Осиёи Марказӣ»
7 сентябри соли 2026 дар шаҳри Пекин дар бинои Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин вохӯрии вазирони корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятӣ дар доираи «Чин + Осиёи Марказӣ» баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ роҳбарияти вазоратҳои корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қиргизистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии, генерал-майори милитсия Машрабзода Ҷамшед Хол намояндагӣ намуда, дар ҷаласа суханронӣ кард.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои мақомоти корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии кишварҳои иштирокдор дар самти муқовимат ба таҳдиду хатарҳои муосир ва падидаҳои нави ҷинояткорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо доир ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷиноятҳои террористӣ, муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, пешгирии киберҷиноятҳо, инчунин таҳкими ҳамкориҳои муштарак ва вусъат бахшидани раванди мубодилаи таҷриба ва маълумот байни мақомоти дахлдори кишварҳо табодули назар намуданд.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории созанда баргузор гардида, иштирокдорон омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар самти таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷиноятҳои фаромиллӣ таъкид намуданд.



















