Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дуздии таҷҳизоти компютерӣ 

Ба ШВКД дар ноҳияи Файзобод аризаи сокини ноҳияи мазкур Расулова Р.О., ворид гардид, ки 8 июли соли 2026, тахминан соати 03:00, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба таҳхонаи бинои маркази савдои «Ирам иборат», воқеъ дар кӯчаи И. Сомонии ноҳияи Файзобод ворид гардида, аз нуқтаи бозиҳои компютерӣ як адад таҷҳизоти бозии «PlayStation 5 Slim» ва як адад проектори тамғаи «XGIMI»-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 14 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ сокини ноҳияи Файзобод Юсупов Рамазон, соли таваллудаш 2000, ҳамчун гумонбар дастгир карда шуд. 
Аз рӯи ҳолати мазкур тафтишот идома доранд.

04.09.2026 10:27
43