Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ду ҳолати дуздӣ ошкор ва гумонбарон дастгир гардиданд

Кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ Мирзоев Эҳсон соли таваллудаш 2005, сокини шаҳри Ваҳдатро бо гумони содир кардани ҷинояти дуздӣ дастгир намуданд.
Номбурда 17 августи соли 2026, тахминан соати 03:10 дақиқа, бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи сохтмонаш нотамом, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, ноҳияи Шоҳмансур, ки ба Мусулмонзода Аслиддин тааллуқ дорад, даромада, аз он ҷо як адад телефони мобилии тамғаи «iPhone 13», арзишаш 5 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Мирзоев Эҳсон қаблан низ бо моддаи 248 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст.
Инчунин, 30 августи соли 2026 ба ШВКД дар шаҳри Роғун аризаи Раҳимов Амриддин соли таваллудаш 1989, сокини ҷамоати деҳоти Қади Об ворид гардид, ки шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз боғи наздиҳавлигиаш як сар говро дуздидаанд.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро Қаландаров Вайсиддин соли таваллудаш 2002, сокини ҷамоати деҳоти Қади Об содир намудааст.
Аз рӯи ҳолатҳои мазкур тафтишот идома дорад.

03.09.2026 9:44
35