Дуздӣ
Ба ШВКД дар ноҳияи Темурмалик аризаи шаҳрванд Абдулҳақов М., сокини ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи мазкур ворид гардид, ки шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии ӯ ворид шуда, аз дохили сандуқи чӯбин 12 ҳазору 890 сомонӣ маблағро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян намуданд, ки ҷинояти мазкурро шаҳрванд Одинаева Г., соли таваллудаш 1995, сокини ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик, содир намудааст.
Аз рӯйи ҳолати мазкур тафтишот идома дорад.















