Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор гардидани ҳолати қаллобӣ вобаста ба истифодаи замин

Кормандони ШВКД дар ноҳияи Деваштич зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳолати қаллобӣ ва истифодаи ғайриқонунии қитъаи заминро ошкор намуданд ва ҳамчун гумонбар шаҳрванд Раҷабов Рӯзибой Шарифович, соли таваллудаш 1961, сокини ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич дастгир карда шуд.
Номбурда моҳи апрели соли 2024 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Қозиев Зикрулло даромада, аз ҳудуди замини истифодабарии кооперативи кишоварзии «Умед», воқеъ дар ҷамоати деҳоти мазкур, ки таъиноти чарогоҳ дорад, қитъаи заминро ғайриқонунӣ ҳамчун замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда додааст.
Раҷабов Р.Ш. барои ин амал аз Қозиев З., 65 ҳазор сомонӣ гирифта, маблағи мазкурро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Ҳамчунин муайян карда шуд, ки номбурда бо ҳамин роҳ ба боварии шаҳрванд Ҳасанов Маъруфхуҷа сокини ҷамоати деҳоти Росровути ноҳияи Деваштич даромада, бо баҳонаи мусоидат дар гирифтани сертификати ҳуқуқи истифодаи замин барои қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ӯ 85 ҳазор сомонӣ гирифта, онро низ ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Нисбати Раҷабов Р.Ш. бо моддаҳои 247 қисми 3 ва 338 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ ба роҳ монда шудааст.

02.09.2026 10:21
69