Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Авбошӣ

31 августи соли 2026, тахминан соати 14:30, дар кӯчаи С. Шерозии шаҳри Душанбе, ду нафар ҷавон Ҳалимов М., соли таваллудаш 2008, сокини ноҳияи Сино, Файзалиев А., соли таваллудаш 2008, сокини кӯчаи Гипрозем ва ноболиғ Б.А., сокини кӯчаи Борбад, аз ҳиссиёти авбошӣ ҷангу ҷанҷол намуда, якдигарро мавриди лату кӯб қарор додаанд.
Зимни муноқиша ноболиғ Б.А., бо корди дар дасташ буда як маротиба ба тахтапушти Ҳалимов М. зарба задааст. Дар натиҷа Ҳалимов М., ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур тафтишотӣ идома доранд.

02.09.2026 10:16
32