Дар Академияи ВКД Маркази омӯзиши “Мактаби давлатдорӣ ва сиёсати ҳуқуқии Эмомалӣ Раҳмон” ба истифода дода шуд
1-уми сентябри соли 2026 дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон Давлатзода Сайфиддин маркази омӯзиши “Мактаби давлатдорӣ ва сиёсати ҳуқуқии Эмомалӣ Раҳмон” мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар марказ асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин китобу маводи илмӣ ва таҳқиқотие, ки ба фаъолияти давлатдорӣ ва сиёсатгузории Сарвари давлат бахшида шудаанд, дар шакли чопӣ ва электронӣ ҷамъоварӣ гардидаанд.
Зимни шиносоӣ бо фаъолияти марказ Вазири корҳои дохилӣ таъкид намуд, ки омӯзиши осори Пешвои миллат ва шиносоӣ бо мактаби давлатдории миллӣ барои баланд бардоштани ҷаҳонбинӣ ва маърифати сиёсию ҳуқуқии ҷавонон, махсусан курсантону шунавандагони Академияи ВКД, аҳамияти муҳим дорад. Дар ин замина ба роҳбарияти Академия дастур дода шуд, ки курсантон ва шунавандагон ба омӯзиши мунтазами асарҳои Пешвои миллат ҷалб карда шаванд.
Дар идома, дар толори маҷлисии Академияи ВКД ба муносибати Рӯзи дониш вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ бо курсантон ва омӯзгорони ин боргоҳи илму маърифат баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Сайфиддин суханронӣ намуда, оид ба дастовардҳои соҳаи маорифро дар даврони 35 соли Истиқлоли давлатӣ ибрози назар кард ва бинои Академияи ВКД ва шароити муосири таълимии онро намунаи таваҷҷуҳи ҳамешагии Роҳбари давлат ба омода намудани кадрҳои баландихтисос арзёбӣ намуд.
Дар идомаи суханронӣ вобаста ба саҳми Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар рушди соҳаи илм ва фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ибрози назар карда шуда, бо қарори Раёсати Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро “Профессор” аз рӯйи самти илмҳои Ҳуқуқ дониста шуд ва дар фазои тантанавӣ шаҳодатномаи «Профессор» тақдим гардид.
Сипас, Вазири корҳои дохилӣ курсантон ва омӯзгорони Академияи ВКД-ро ба муносибати Рӯзи дониш табрик гуфта, изҳор намуд, ки рушди соҳаи маориф, бунёди мактабҳои нав, муассисаҳои томактабӣ, донишгоҳу донишкадаҳо ва фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон, аз суханронии Пешвои миллат ба муносибати Рӯзи дониш ёдовар шуда, таъкид намуд, ки истифодаи босамару мақсадноки имкониятҳои муосири технологӣ, аз қабили телефонҳои мобилӣ, зеҳни сунъӣ ва шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ бояд дар доираи фарҳанги истифодаи онҳо сурат гирифта, ҷавонон аз таъсири манфии муҳтавои номатлуб эмин нигоҳ дошта шаванд. Дар идомаи суханронӣ ба масъалаи тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба Ватан, падару модар, арзишҳои миллӣ ва риояи қонун таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Вазири корҳои дохилӣ ҳамчунин оид ба корҳои созандагӣ ва рушди низоми таълимии Вазорати корҳои дохилӣ ибрози назар карда, аз бунёди Академияи ВКД, таъсиси Коллеҷи милитсия ва Коллеҷи оташнишонӣ ёдовар шуд. Зикр гардид, ки таъсис ва рушди чунин муассисаҳои таълимӣ барои омода намудани мутахассисони баландихтисос ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир барои фаъолияти минбаъда дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба курсантон ва омӯзгорон барои фаъолияти пурсамар, омӯзиши амиқи илмҳои соҳавӣ ва саҳм гузоштан дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.























