Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дуздии 27 сар гӯсфанд

Ба ШВКД дар ноҳияи Восеъ сокини деҳаи Дарнайчии ноҳияи мазкур Фазоев Хукматулло бо ариза муроҷиат намуд, ки 17 августи соли 2026, тахминан соати 14:00, шахси номаълум аз заминҳои чарогоҳи деҳаашон 27 сар гӯсфандро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷа ба ӯ ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ зарари моддӣ расонида шудааст.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамчун гумонбар дар содир кардани ҷинояти мазкур сокини деҳаи Осмонбики ноҳияи Восеъ Раҳимов Чаҳонзеб Абдулмахсудович, соли таваллудаш 1999 дастгир карда шуд.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

01.09.2026 9:51
41