Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор гардидани ҷинояти дуздӣ

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Сино шаҳрванд Назаров Давлат соли таваллудаш 2002, истиқоматкунандаи шаҳри Бохтар бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршуда санаи 23.08.2026, тахминан соати 23:30-дақиқа бо роҳи пинҳонӣ ба дохили автомашинаи тамғаи “Опел Астра” рақами қайди давлатиаш 71-71 RR/10, ки ба шаҳрванд Абдуҷаборов М.С., тааллуқ дорад, даромада, аз он ҷо як миқдор маблағи пулиро дуздидааст.
Оид ба ҳолати мазкур тафтишот ба роҳ монда шудааст.

01.09.2026 9:47
30