Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Э Ъ Л О Н!

Муассисаи давлатии таълимии литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2026-2027 озмуни қабули хонандагонро ба синфи 8-ум эълон менамояд.
Агар мехоҳед фарзанди шумо соҳиби дониши мукаммал ва тарбияи намунавӣ гардад, пас ҳуҷҷатҳои ӯро ба литсейи «Дурахшандагон» пешниҳод намоед!
Хонандагон бо ҷойи хоб, сару либос ва 3 вақт хӯрок таъмин карда мешаванд.
Шахсоне, ки хоҳиши қабул шудан ба литсейро доранд, намояндагони қонунии онҳо то 30 сентябри соли 2026 ба Академияи ВКД ҳуҷҷатҳои лозимиро пешниҳод намоянд.
Таҳсил дар литсейи “Дурахшандагон” имсол аз 1 ноябр оғоз мегардад.
Довталабоне, ки номнавис мешаванд, то қабул шудан ба литсейи “Дурахшандагон” таҳсилро дар муассисаҳои таълимие, ки таҳсил карда истодаанд, давом медиҳанд.
Шартҳои қабул:
Ба литсей шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд, ки таҳсилро дар синфи VII (7) зинаи II таҳсилоти миёнаи умумӣ ба анҷом расонидаанд.
- ариза ба номи сардори литсей бо нишон додани забон (тоҷикӣ ё русӣ), ки довталаб бо он имтиҳонҳои қабулро месупорад;
- шаҳодатномаи таваллуд ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият (нусхаи аслӣ пешниҳод мешавад);
- маълумотномаи тиббӣ;
- тавсифнома аз ҷойи таҳсил;
- чор дона акс бо андозаи 3×4 см;
- ҳуҷҷатҳое, ки ҳуқуқ ба имтиёз ҳангоми қабулро тасдиқ мекунанд (дар сурати мавҷуд будани онҳо).
Довталаб ҳангоми ҳозир шудан ба имтиҳонҳои қабул вазифадор аст, ки ба комиссияи қабул ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намояд:
- варақаи ҷамъбастии баҳоҳо барои солҳои таҳсили пешин;
- маълумотнома дар бораи таҳсил ва хатми     синфи 7.
Барои довталабон ду озмоиши дохилшавӣ дар шакли хаттӣ аз фанҳои таълимии математика ва забони тоҷикӣ ё русӣ (бо интихоби довталаб) сурат мегирад.
•  Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Мастонгулов, 3. Академияи ВКД
•  Телефони тамос: 93-300-40-45

31.08.2026 17:16
89