Садамаи нақлиётии марговар
29 августи соли 2026 тахминан соати 16:00-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай Саната”, рақами қайди давлатиаш 91-67 DP/01 Шарифов Фирдавс Сайназарович соли таваллудаш 1996, истиқоматкунандаи ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Ваҳдат ба самти шаҳри Норак дар ҳудуди ҷамоати деҳоти К.Исмоилови шаҳри Ваҳдат ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада ба автомашинаи тамғаи “Дау-Некси”, ки таҳти идораи Оев Афзалшо Ҳабибуллоевич қарор дошт, бархӯрдааст.
Дар натиҷа мусофири автомашинаи тамғаи “Дау-Некси” Камолова Гулдаста Буриевна соли таваллудаш 1963 сокини шаҳри Ваҳдат, ба саломатиаш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Таҳқиқи ҳолати мазкур идома дорад.
















