Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор гардидани ҷинояти ғоратгарӣ.

Кормандони ШВКД дар шаҳри Бӯстон дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ду нафар ноболиғро барои содир кардани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир намуданд.
Гумонбарон санаи 25-уми августи соли 2026, тахминан соати 00:25-дақиқа, дар кӯчаи Ғалабаи шаҳри Бӯстон бо роҳи зӯроварӣ ва ошкоро аз ҷайби шаҳрванд Ваҳҳобзода Амиршо истиқоматкунандаи кӯчаи мазкур маблағи 1200 сомониро тасарруф намудаанд.
Нисбати ноболиғон парвандҳои ҷиноятӣ бо моддаи 248 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

31.08.2026 11:10
45