Тамошои дастаҷамъонаи мулоқоти Пешвои миллат бо аҳли маориф
31-уми августи соли 2026, баъди ифтитоҳи бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №105-и шаҳри Душанбе, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш бо аҳли маорифи кишвар мулоқот намуданд.
Мулоқоти мазкур тавассути шабакаҳои телевизионӣ ба таври мустақим пахш гардида, ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори асосӣ раванди мулоқоти Пешвои миллатро ба таври дастҷамъона тамошо карданд.
Ҳамзамон, дар Академияи ВКД, Коллеҷи оташнишонӣ, Коллеҷи милитсияи ВКД ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ низ тамошои дастҷамъонаи мулоқоти Пешвои миллат бо аҳли маориф ба муносибати Рӯзи дониш ба роҳ монда шуд.
Зимни суханронӣ Пешвои миллат оид ба таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи маориф, бунёду навсозии муассисаҳои таълимӣ, рушди муассисаҳои томактабӣ, такмили ихтисоси омӯзгорон ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия диққати махсус зоҳир намуданд.
Ҳамчунин, ба масъалаи мутобиқ намудани китобҳои дарсӣ ба талаботи замони муосир, баланд бардоштани сатҳи дошинандӯзӣ, маърифат, фарҳанги истифодаи телефонҳои ҳушманд, зеҳни сунъӣ ва шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ таъкид намуданд. Пешвои миллат махсусан оид ба зарару зиёни истифодаи нодурусти телефонҳои мобилӣ ба саломатӣ ва раванди таълиму тарбия изҳори назар карданд.
Зикр гардид, ки омӯзгорон ва падару модарон дар тарбияи насли наврас масъулияти муҳим дошта, вазифадоранд дар замири хонандагон эҳтиром ба Ватан, қонун, падару модар, арзишҳои миллӣ ва фарҳанги интихоби касбро ташаккул диҳанд.
Пас аз анҷоми тамошои дастҷамъонаи мулоқоти Пешвои миллат бо аҳли маориф, муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Машрабзода Ҷамшед Хол вобаста ба нуктаҳои муҳими суханронии Пешвои миллат андешаронӣ намуд.
Таъкид карда шуд, ки татбиқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, бахусус дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, фарҳанги истифодаи технологияҳои муосир ва тарбияи ҷавонону наврасон дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносии миллӣ, аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими ҳар як корманди мақомоти корҳои дохилӣ ба ҳисоб рафта, кормандон бояд ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ онҳоро сармашқи кори худ қарор диҳанд.


























