Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Садамаи маргбор дар ноҳияи Варзоб

28 августи соли 2026, тахминан соати 11:00, дар километри 33-юми ҳудуди ноҳияи Варзоб садамаи нақлиётии марговар ба қайд гирифта шуд.
Ронандаи автомашинаи тамғаи «Toyota Sienna» Низомов Аёмиддин Шамсидинович, соли таваллудаш 1972, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти вилояти Суғд ба самти шаҳри Душанбе ба самти муқобили ҳаракат баромада, бо автомашинаи тпмғаи «Opel Astra», ки таҳти идораи Тағоев Аҳмадҷон Қосимович, соли таваллудаш 2002, сокини ноҳияи Варзоб қарор дошт, бархӯрдааст.
Бар асари бархӯрд ронандаи «Opel Astra» Тағоев Аҳмадҷон Қосимович ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур таҳқиқ идома дошта, сабабу ҳолатҳо муайян карда мешавад.

29.08.2026 11:57
46