Рондани ғайриқонуни автомашина ва чаппа шудани он
Дар ноҳияи Кӯшониён ҳолати ғайриқонунӣ ронда бурдани автомашина бидуни мақсади тасарруф ба қайд гирифта шуд. Саломиддини Сайнозим, соли таваллудаш 2008, сокини ноҳияи Кӯшониён, 8 августи соли 2026 дар саҳни ҳавлии шаҳрванд Мусоев М.С., ҳангоми шустани автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», ки ба Мусоев М.С. тааллуқ дошт, онро бе иҷозаи соҳибмулк аз саҳни ҳавлӣ бароварда, ба самти дохили деҳаи Л. Шералии ноҳияи Кӯшониён бурдааст.
Ҳангоми бозгашт ба самти манзили соҳибмулк Саломиддини С. аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канали обгузари дохили деҳа сарозер шудааст.
Дар натиҷа автомашина осеби техникӣ дида, ба соҳибаш 10 ҳазору 405 сомонӣ зарари моддӣ расонида шудааст.
Нисбат ба Саломиддини Сайнозим бо қисми 1-и моддаи 252 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

















