Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дуздӣ аз терминали бонкӣ 

Раёсати ҶСП «Душанбе Ситти Бонк» дар шаҳри Бохтар ба ШВКД шаҳри мазкур бо мактуб муроҷиат кард, ки 27 августи соли 2026, тахминан соати 01:30, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ қулфи дари терминали худкори худхизматрасонии ҶСП «Душанбе Ситти Бонк»-ро, воқеъ дар кӯчаи Борбади шаҳри Бохтар, шикаста, аз дохили он 15 ҳазору 490 сомонӣ маблағро тасарруф намудааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян гардид, ки дар содир намудани ин ҷиноят шаҳрванд Назаров Давлат соли таваллудаш 2002, сокини ноҳияи Кӯшониён, ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъа  гумонбар мебошад.
Зарари расонидашуда 18 ҳазору 371 сомониро ташкил медиҳад.
Тафтишот дар ин самт идома дорад.

28.08.2026 9:57
53