Семинари омӯзишӣ оид ба криминалистикаи рақамӣ ва муқовимат ба киберҷиноятҳо
Рӯзҳои 25–27 августи соли 2026 дар Дафтари барномавии САҲА дар Душанбе семинари омӯзишӣ дар мавзуи «Асосҳои криминалистикаи рақамӣ ва муқовимат ба киберҷиноятҳо» дар доираи ислоҳоти митсия баргузор гардид.
Семинари мазкур аз ҷониби мутахассисони Институти илмию таҳқиқотии криминалистикаи рақамии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.
Ҳадафи асосии семинар такмил додани донишу малакаи касбии иштирокчиён, шинос намудани онҳо бо усулҳои муосири криминалистикаи рақамӣ ва тақвият бахшидани иқтидори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти пешгирӣ, ошкор ва таҳқиқи киберҷиноятҳо буд.
Дар ҷараёни семинар ба иштирокчиён доир ба ҷамъоварӣ, ҳифз ва таҳлили далелҳои рақамӣ, инчунин усулҳои муосири муқовимат ба таҳдидҳои киберӣ маълумоти назариявӣ дода шуд.


















