Масъалаҳои муҳимми ҳамкорӣ зимни нишасти коршиносон баррасӣ гардид
27 августи соли 2026 дар доираи ҳамкориҳои судманди вазоратҳои корҳои дохилии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), дар меҳмонхони “Руми”-и шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии коршиносони вазоратҳои корҳои дохилии давлатҳои иштирокчии ИДМ оид ба такмил ва мувовиқа намудани лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳои баррасишавандаи ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои дохилии давлатҳои иштирокчии ИДМ баргузор гардид.
Дар ҷаласа коршиносону мутахассисони соҳа аз Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар намуди ҷиноятҳои хавфнок дар ҳудуди ИДМ, вазоратҳои корҳои дохилии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Узбекистону Қирғизистон ва Федератсияи Россия иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ муовини Вазири корҳои дохилӣ, полковники милитсия Баҳодур Холиқзода оғоз намуда, қайд кард, ки коркард ва мувофиқаи масъалаҳои баррасишаванда, инчунин, ҳамоҳанг сохтани сохторҳои қудратии давлатҳои иштирокчии ИДМ қадами муҳим дар самти таҳкими ҳамкориҳои муштарак ҷиҳати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил, инчунин ошкор ва пешгирии онҳо ба ҳисоб меравад.
Дар идомаи чорабинӣ лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳое, ки барои баррасӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои дохилии давлатҳои иштирокчии ИДМ пешниҳод мегарданд, мувофиқа карда шуд.



















