Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомобил 

Ба мақомоти корҳои дохилӣ шаҳрванд Ҳоҷиев З., соли таваллудаш 1977, сокини ноҳияи Рашт, муроҷиат намуд, ки рӯзи 23 августи соли 2026, тахминан соати 15:00, шахси номаълум аз дохили таваққуфгоҳи бозори «Деҳқон», воқеъ дар кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе, автомашинаи шахсиаш тамғаи «Опел-Астра»-ро ғайриқонунӣ ҳай карда, ба самти номаълум бурдааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Сино муайян намудаанд, ки ин ҷиноятро ноболиғи 16-сола, сокини ноҳияи Сино, содир кардааст. Аз рӯйи ҳолати мазкур чораҳои тафтишотӣ идома доранд.

25.08.2026 9:52
38