Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дуздӣ дар қаҳвахона

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Хуршед Пулатов, соли таваллудаш 1961, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки пеш барои содир кардани ҷинояти дуздӣ суд шудааст, боз бо ҳамин ҷурм дастгир карда шуд.
Номбурда 16 августи соли 2026, тахминан соати 14:20, дар ҳолати мастӣ дар қаҳвахонаи «Рублёвка», воқеъ дар кӯчаи Раҳим Ҷалили шаҳри Хуҷанд, аз болои миз ҷузвдони ба шаҳрванд Раҷабова М.С., сокини ноҳияи Б.Ғафуров тааллуқдоштаро дуздидааст. Дар дохили ҷузвдон атриёти занона ба маблағи 6 ҳазор сомонӣ, лавозимоти ороишӣ ба маблағи 800 сомонӣ ва 260 сомонӣ маблағи нақд қарор доштааст.
Зарари расонидашуда дар маҷмӯъ 7 ҳазору 460 сомониро ташкил медиҳад. Нисбати Хуршед Пулатов бо моддаи 244, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

25.08.2026 9:39
39