Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пиёдагард бар асари садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расид

23 августи соли 2026 тахминан соати 10:30 ронандаи автомашинаи тамғаи «Toyota Prius», Қурбонов Фирдавс Ҳомидҷонович, соли таваллудаш 2005, сокини ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Шаҳринав ба шаҳри Турсунзода, дар рӯ ба рӯи деҳаи Батоши ҷамоати деҳоти Қаратоғ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Шукурова Зумрат Ҳамидовна, соли таваллудаш 1969, сокини ҷамоати деҳоти Қаратоғро пахш кардааст.
Бар асари садама пиёдагард ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқ идома дорад.

24.08.2026 10:35
56